Бӯстон: Бархурдории беш аз 360 нафар аз баргузории «Корвони саломатӣ»

Март 17, 2017 09:02

ХУҶАНД. 17.03.2017. /АМИТ  «Ховар»/.  Бо мақсади пешгирии ҳама гуна бемориҳо ва ҳамчунин солим нигоҳ доштани аҳолӣ, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дирӯз дар маркази саломатии ҷамоати шаҳраки Палос «Корвони саломатӣ» доир гардид.

Дар ин рӯз ба аҳолии беш аз 4 ҳазорнафараи ҷамоати мазкур аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳри Бӯстон» ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуд.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, дар рӯзи баргузории «Корвони саломатӣ» беш аз 360 нафар шаҳрвандон ба табибон муроҷиат намуда, барои ҳифзи саломатиашон аз духтурони асабшинос, гӯш, гулӯ, дандонпизишк ва духтурони оилавӣ маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Ҳамчунин як қисми муроҷиаткунандагон дар асоси пешниҳоди мутахассисон барои муолиҷа ба муассисаҳои тандурустӣ фиристода шуданд.

Бино ба иттилои масъулин, тибқи нақша чунин чорабинии саломатӣ дар ҷамоати номбурда дар як сол чор маротиба, яъне ҳар семоҳа гузаронида мешавад.

 

 

Март 17, 2017 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд