Бӯстон: Бархурдории беш аз 360 нафар аз баргузории «Корвони саломатӣ»
ХУҶАНД. 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҳама гуна бемориҳо ва ҳамчунин солим нигоҳ доштани аҳолӣ, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дирӯз дар маркази саломатии ҷамоати шаҳраки Палос «Корвони саломатӣ» доир гардид.
Дар ин рӯз ба аҳолии беш аз 4 ҳазорнафараи ҷамоати мазкур аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳри Бӯстон» ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, дар рӯзи баргузории «Корвони саломатӣ» беш аз 360 нафар шаҳрвандон ба табибон муроҷиат намуда, барои ҳифзи саломатиашон аз духтурони асабшинос, гӯш, гулӯ, дандонпизишк ва духтурони оилавӣ маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Ҳамчунин як қисми муроҷиаткунандагон дар асоси пешниҳоди мутахассисон барои муолиҷа ба муассисаҳои тандурустӣ фиристода шуданд.
Бино ба иттилои масъулин, тибқи нақша чунин чорабинии саломатӣ дар ҷамоати номбурда дар як сол чор маротиба, яъне ҳар семоҳа гузаронида мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






