Бахшида ба Наврӯзи Аҷам ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 13 иншоот ба истифода дода мешаванд
РӮДАКӢ, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам ва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 13 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи меъмории ноҳия, бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо дар ҷамоати шаҳраки Сомониён иборат аз 120 хона, бинои 8-ошёна бо маркази савдо дар ҷамоати деҳоти Россия иборат аз 44 хона, бинои истиқоматии 5- ошёна дар ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ иборат аз 40 хона, бинои истиқоматии 6-ошёна дар ҷамоати деҳоти Чимтеппа ва бинои истиқоматии баландошёна дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон, ки аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст, дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иброз намуданд, ки зимни бунёди ин иншоот зиёда аз 500 нафар сокинони ноҳия ва ҷумҳурӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






