«БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК МАЪВОИ БЕДИЛ…». Мизи мудаввар дар Душанбе роҷеъ ба осори суханваре, ки зидди хурофоти динӣ буд ва қуввати халқро дар ваҳдат медид
ДУШАНБЕ, 13.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Осори Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа» «мизи мудаввар» баргузор менамояд. Дар ҳамоиш донишмандони риштаҳои таърихи дипломатия, таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносию фарҳангшиносии ватанию хориҷӣ, намояндагони васоити ахбори омма ширкат меварзанд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои мазҳабӣ, хурӯҷи хурофот ва фасоди ахлоқ ақидаҳои Бедил аз ҳар вақти дигар аҳамияти бештар пайдо кардаанд.
Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, нависанда, мутафаккир ва файласуфи машҳури форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ шуҳрати беандоза дошту дорад. Ӯ дар замони худ дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму маърифати моро фурӯзон кардааст, ки то имрӯз нурафшонӣ мекунад.
Бино ба шаҳодати сарчашмаҳо падар ва бобои Бедил аз мардуми атрофи Самарқанд будаанд ва дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои Осиёи Миёна ва Сафавиёни Эрон тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён (низомиён) будаанд ва худи ӯ низ сипоҳизода аст. Устод Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандони наздикаш илова гардидани калимаи «мирзо»-ро далели сардори калон будани яке аз хешовандонаш донистааст.
Мирзо Бедил забони худро форсӣ гуфтааст. Ӯ дар шаҳри Азимобод ба дунё омада, ҳангоми тифлӣ аз падар ятим мондааст. Тарбияи модари хушсаводашро гирифта, дар 5-6-солагӣ ба мактаб меравад ва то 10-солагӣ ба омӯзиши сарфу наҳви арабӣ ва мутолиаи осори назму насри форсу тоҷик машғул мешавад.
Аз мероси Мирзо Бедил 65 ҳазор байт осори манзум ва қариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондаанд. Асарҳои ӯ масъалаҳои гуногунро дарбар гирифтаанд. Масалан, «Чор унсур» аз калонтарин асарҳои насрии Бедил буда, бо порчаҳои шеърӣ зиннат ёфтааст. Ин асар илова ба масоили фалсафӣ инчунин ах хусуси мактабхонӣ, хотираҳои давраи кӯдакию наврасӣ, аҳволи ёру рафиқон, устодон, хешовандон ва ҳамсуҳбатони адиб маълумот медиҳад. Дар ин асар Бедил дар атрофии чор унсур: бод, об, хок ва оташ бештар муҳокима ронда, оид ба пайдоиши инсон, наботот ва ҳайвонот изҳори ақида кардааст. Ӯ барои такомули рӯҳонию ҷисмонии инсон ғизои мӯътадилро шарти асосӣ шуморида, бақои абадии мавҷудотро рад месозад ва бақои инсонро дар корҳои неки ӯ медонад.
Дар ин асар ақидаҳои ахлоқии шоир ва мутафаккири барҷаста ифода ёфтаанд. Бедил сабаби ҳамаи бадахлоқӣ ва кирдорҳои ношоистаи мардумро аз бесаводӣ ва бекорию муфтхурӣ медонад. Касби барзгарӣ(деҳқонӣ)-ро аз ҳама муҳим ва сарчашмаи зиндагии инсонҳо мешуморад.
«Нукот» асари мансур аст ва зоҳиран Бедил онро дар давраҳои гуногуни ҳаёташ навиштааст. Ин асар низ ақидаҳои фалсафӣ ва тасаввуфии адибро дарбар гирифтааст. Дар ин асар Бедил диндорони мутаассибро танқид карда, ба охират, зиндагии дубора, дӯзаху биҳишт барин мафҳумҳои динӣ бовар надоштани худро изҳор кардааст.
Ашъори Бедил амсоли «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъа ва қитъаҳои таърихӣ», «Таркибот ва тарҷеот» ва ғайра, ки 37500 байтро ташкил медиҳанд, барои муайян намудании ҷаҳонбинии Бедил аҳамияти калон доранд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир мухталиф буда, таълифашон ба давраҳои гуногуни ҳаёти муаллиф рост меояд. Бедил қуввати халқро дар сарҷамъӣ, иттифоқ ва ваҳдат дониста, таъкид мекунад, ки танҳо ҳамфикрӣ ва муттаҳидӣ ҳуҷуми ҳар гунна душмани хориҷиро боздошта метавонад.
Эҷодиёти Бедил, бахусус ашъори ӯ дар асрҳои 18-20 байни аҳли илму адаби тоҷик хеле шуҳрат ёфта, мураккабии баёнаш маҳфилҳои махсуси «бедилхонӣ» ба вуҷуд овард.
Гуфтан мумкин аст, ки «мизи мудаввар»-е, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, як навъ идомаи мантиқии маҳофили «бедилхонӣ» хоҳад буд ва дар тарғибу ташвиқ ва дарки маънии осори Мирзо Бедил саҳме хоҳад гузошт. Нақибхони Туғрал худро яке аз пайравони Бедил шуморида, навиштааст:
Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,
Набошад ҳеҷ касро ҷои Бедил.
Намоям тӯтиёи дидаи хеш,
Агар ёбам ғубори номи Бедил.
P.S. Дар интиҳо ба таваҷҷуҳи бедилшиносон ва мухлисони осори Бедил мерасонем, ки дар ҷамъомади имрӯзаи «мизи мудаввар» муовини якуми дирктори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Асосҳои фарҳангии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», намояндаи Анҷумани дӯстдорони Бедил дар шаҳри Лондони Британия Дастгир Ноил дар мавзӯи «Шинохт ва ҷойгоҳи Бедил дар Афғонистон», ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Кароматулло Олимов дар мавзӯи «Баъзе хусусиятҳои бедилшиносӣ дар Тоҷикистон», сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб дар мавзӯи «Нуфузи Бедил дар фарҳанги тоҷик», доктори илмҳои фалсафа Н. Содиқова дар мавзӯи «Андешаҳои инсонпарваронаи Бедил», сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии МТС-и назди Президенти ҶТ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи «Дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон», фарҳангшинос Саидаҳмади Қаландар дар мавзӯи «Таълими Бедил дар макотиби Осиёи Марказӣ ва Чин» маърӯза хоҳанд кард. Дар охири ҳамоиш китоби «Баргузидаи ғазалиёти Бедил» аз ҷониби намояндаи Анҷумани дӯстдорони Бедил, таҳиягари китоб Қиёмиддин Наимзода муаррифӣ карда мешавад. Замони оғози ҳамоиш – соати 9:00.
Макони баргузорӣ – шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, толори ошёнаи 2.