Барқияи табрикии Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Март 20, 2017 15:00

ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо идома дорад.

Дар табрикоту таманиёти Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, чунин омадааст:

“Бо масаррати фаровон, беҳтарин ва самимонатарин маротиби табрикоти қалбии хеш, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати фарорасии соли 1396 хуршедӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим дошта, мақдами пуртаровати баҳорро бароятон табрик мегӯям.

Таҷлили ҳамагонӣ аз Наврӯз ин амонати баҳорӣ, баёнгари суннатҳои писандида ва фарҳанги бостонии мардуми кишварҳои узви Ҳавзаи Наврӯз буда ва гиромидошти он мазҳари ҳамбастагӣ ва ваҳдати бештар миёни кишварҳо ва мардуми ин ҳавза мебошад. Аз даргоҳи Худованди бузург талабгорам то соле, ки дар пеши рӯ аст, паёмовари беҳрӯзӣ, рифоҳ ва шукуфоии бештари тамоми мардуми кишварҳои узви Ҳавзаи Наврӯз ва ба вежа мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Орзӯмандам дар соли пеши рӯ равобити нек ва дӯстонаи мавҷуд миёни Ҷумҳурии Исломии Афгонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама арсаҳо таъмиқ ва густариши бештар ёбад.

Дар фарҷом афзун бар таҳнияти муҷаддади соли нав сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шуморо тавъам бо рифоҳ ва тараққии рӯзафзуни мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худои маннон талаб менамоям”.

Март 20, 2017 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд