Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо идома дорад.
Дар табрикоту таманиёти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, чунин омадааст:
“Фаро расидани иди Наврӯзро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми шариф ва мусулмони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, ки бо гузар аз зимистон ба баҳор, умеду сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин чашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва тароват аст, ки Худованди бузург ба инсон арзонӣ медорад. Эътидоле, ки реша дар таҳавулоти табиат ва боварҳои дин ва аҳкоми исломи раҳмонӣ дорад.
Сулҳу иттиҳод дар минтақаи бостонии Наврӯз бар пояи хостаҳои миллатҳои муътадили ин минтақа аст. Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он муҳаббат, ишқу самимиятро арҷ ниҳода ва кишварҳоро ба ҷои муқобила ба дӯстӣ даъват намояд; чаро ки миллатҳо бо доштани умед ва сулҳу оромиш метавонанд дар партави итгиҳоду дӯстӣ бо якдигар, бо чеҳраи зишт ва нописанди баромада аз каҷфаҳмӣ аз дину ифротгароии қабилаӣ, қи ҳосили он терроризм аст, муқобила намоянд.
Аз Худованди мутаол соле саршор аз шодкомӣ, саломатӣ ва муваффақият барои он Ҷаноб ва мардуми дӯсту бародари Точикистон орзу мекунам”.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






