Баррасии вазъи маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Парлумон
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар соли 2016» зимни муҳокимаи парлумонӣ 17 март таҳти раёсати Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон зимни баррасии масълаи мазкур гуфт, ки мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбасти ниҳоӣ дар соли 2016 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ беш аз 2,1 млрд сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2015 зиёда аз 20 миллион сомонӣ зиёд аст. Қисми хароҷот зиёда аз 2,2 млрд сомониро ташкил дод, ки ддар қиёс ба соли 2015 беш аз 235 миллион сомонӣ ё 11,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Бахусус барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилот аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ беш аз 2,1 млрд сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 226 млн. сомонӣ зиёд аст. Зикр шуд, ки амали муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ин давра ба тасвиб расидани Фармони Президенти кишвар оид ба зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аст. Таъкид шуд, ки дар асоси Фармони Пешвои миллат андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд, зиёдшавии 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда шуданд.
Дар натиҷаи татбиқи Фармони мазкур андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ 274 сомонӣ, суғуртавӣ 284 сомонӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ 144 сомониро ташкил намуд. Андозаи миёнаи нафақа дар кишвар дар давраи ҳисоботӣ 272 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 42 сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд аст. Дар баробари натиҷаҳои бадастомада дар соли 2016 баъзе омилҳо барои рушди устувори соҳа ва таъмини саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ таъсири манфии худро расониданд.
Қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, новобаста аз он ки ба маблағи 150 млн. сомонӣ кам карда шуда, дар ҳаҷми беш аз 2,4 млрд сомонӣ муқаррар гардида буд, мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбасти ниҳоӣ 86 фоиз таъмин шуда, аз ҳисоби иҷро нагардидани он 348,4 млн. сомонӣ ворид нагардид, ки аз ин 65,00 млн. сомонӣ мусоидати молиявӣ аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявист.
Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур дар ноҳияҳои Бохтар, А. Ҳамадонӣ, Восеъ, шаҳрҳои Душанбе ва Сарбанд таҳлили маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2016-ро гузаронида, инчунин бозҳисобии нафақаи нафақагиронро пурра анҷом дод.
Дар муҳокимаи парлумонӣ ҳамзамон роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир ба масъалаи зикршуда ибрози назар намуда, пешниҳодҳои ҷолиб баён карданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






