Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 750 миллион доллари америкоӣ маблағгузорӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то имрӯз дар Тоҷикистон 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар айни замон ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад. Ин маълумотро ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филип Беннетт баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон иброз намуд.
Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд зимни изҳорот зикр намуд, ки Бонки мазкур ният дорад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба сомон расонад, то самараи бештар ба бор оранд. Таъкид гардид, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои хизматрасониҳои молиявӣ, бонкдорӣ, энергетика, хизматрасониҳои коммуналӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳити соҳибкорӣ ва рушди сохтори хусусӣ эътибори хосса дода шуд.
Филип Беннетт изҳори боварӣ намуд, ки бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли оянда дар ин самтҳо корҳои зиёдро метавон ба анҷом расонид. Дар ин ҷода Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






