Боздиди ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ аз Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва бархе аз созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таҳти сарварии Аҳмад Сайф Ал-Давла, муовини директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм /CTED/ зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосири амниятиро матраҳ намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили марбут ба таъмини амният, мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроту таҳдидҳои замони муосир, тавсеаи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ, идораи самарабахши сарҳадот ва назорати ҷойивазкунии фаромарзии борҳо муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон ҳайати намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ бо фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон ва дастовардҳои соҳа шинос гардиданд. Зикр шуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар бахши фаъолияти гумрукӣ бо мақомоти гумрук ва дигар мақомоти босалоҳияти кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ машғуланд, ҳамкории густурда дорад. Дар ин росто кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар амалиёти муштараки «Лед 2», «Транзит», «Часовой-2016», «RILO-Москва», «Грифон II», «Вестерлайз 4» , «Ирэн» ва «Химера», ки бо ҳузури мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуданд, фаъолона иштирок намуданд. Ин амалиёт барои ошкор ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, маҳсулоти тамоку, маводи тарфгарӣ, яроқу аслиҳа, сарватҳои бадеӣ ва таърихию фарҳангӣ, маводи дорувории пастсифат, асъор ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти Интернет-савдо гузаронида шуда, феълан идома доранд. Таъкид гардид, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон дар радифи дигар сохторҳои қудратӣ субъекти мубориза бар зидди экстремизм буда, дар пешгирии экстремизм бо роҳи ба сарҳади давлатӣ роҳ надодани воридоти воситаҳое ки боиси содиршавии ҷинояти зикршуда мегарданд, нақши муассир мегузорад.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ оид ба масоили раванди татбиқи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ дарҷ гардидаанд, муайян кардани эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба кумаки техникӣ ҷиҳати татбиқи қатъномаҳо ва таҳияи тавсияву пешниҳодот ба Ҳукумати кишвар дар самти мавриди муҳокима қарор додани онҳо ибрози назар намуданд. Ҳамзамон ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо фаъолияти нуқтаи гумрукии «Майдони ҳавоӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва нуқтаи гумрукии «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон шинос гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






