Боздошти мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода бо гумони додани гувоҳии бардурӯғ
ДУШАНБЕ, 27.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода барои додани гувоҳии бардурӯғ хабар медиҳад.
Тавре аз ин Вазорат хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 62-солаи сокини шаҳри Турсунзода, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода бо гумони додани гувоҳии бардурӯғ дастгир гардид. Гумонбаршуда ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббии ҷасади духтари 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сешанбе, дидаву дониста, ки ӯ аз захмҳои халандаю буранда ба қатл расонида шудааст, хулосаи бардурӯғи ташхиси суддӣ-тиббӣ додааст, ки гӯё духтари ноболиғ даст ба худкушӣ зада, худро бо роҳи оташзанӣ ба ҳалокат расонидааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ давом доранд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






