Чорвопарварони ноҳияи Мурғоб ба кумаки фаврӣ ниёз доранд

Март 15, 2017 11:34

ХОРУҒ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти зиёди зимистони имсола ҳанӯз ҳам  баъзе аз чорводорони ноҳияи Мурғобро аз вазъи мураккаб раҳо намекунад. Баландии барф дар чарогоҳҳои Оқташ ва Булункӯли ин ноҳия наздик ба ду метр буда, на танҳо чорвои хонагӣ, балки ҳайвоноти нодири ваҳширо ба иллати набудани хӯрокӣ ба ҳоли ногувор рӯ ба рӯ кардааст.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни баргузор кардани ҷаласа изҳор намуд, ки танҳо дар хоҷагии чорвопарварии Оқташ беш аз 2 ҳазор сар чорво бе хӯрок мондаанд. Агар сари вақт ба ин хоҷагиҳо кумак расонда нашавад, эҳтимоли талафи  саршумори зиёди чорво вуҷуд дорад.

Раиси ВМКБ ба масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зист, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки дар зудтарин фурсат 10 тонна сабӯсу алаф ва дигар намуди хӯроки чорворо ба ин чарогоҳҳо интиқол диҳанд.

Ҳамчунин мутобиқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия баъзе аз сокинони ҷамоати Аличул аз ҷиҳати озуқаворӣ танқисӣ доранд.

Як гурӯҳ аъзои комиссияи вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода барои омӯзиши вазъи зиндагии сокинони деҳоти дурдаст ба ин ноҳия сафар намуданд.

 

Март 15, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе