Чорвопарварони ноҳияи Мурғоб ба кумаки фаврӣ ниёз доранд
ХОРУҒ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти зиёди зимистони имсола ҳанӯз ҳам баъзе аз чорводорони ноҳияи Мурғобро аз вазъи мураккаб раҳо намекунад. Баландии барф дар чарогоҳҳои Оқташ ва Булункӯли ин ноҳия наздик ба ду метр буда, на танҳо чорвои хонагӣ, балки ҳайвоноти нодири ваҳширо ба иллати набудани хӯрокӣ ба ҳоли ногувор рӯ ба рӯ кардааст.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни баргузор кардани ҷаласа изҳор намуд, ки танҳо дар хоҷагии чорвопарварии Оқташ беш аз 2 ҳазор сар чорво бе хӯрок мондаанд. Агар сари вақт ба ин хоҷагиҳо кумак расонда нашавад, эҳтимоли талафи саршумори зиёди чорво вуҷуд дорад.
Раиси ВМКБ ба масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зист, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки дар зудтарин фурсат 10 тонна сабӯсу алаф ва дигар намуди хӯроки чорворо ба ин чарогоҳҳо интиқол диҳанд.
Ҳамчунин мутобиқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия баъзе аз сокинони ҷамоати Аличул аз ҷиҳати озуқаворӣ танқисӣ доранд.
Як гурӯҳ аъзои комиссияи вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода барои омӯзиши вазъи зиндагии сокинони деҳоти дурдаст ба ин ноҳия сафар намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






