Дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба шарафи Соли ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Март 14, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа донишҷӯёну кураторони гурӯҳҳои факултети тиббӣ иштирок намуда, зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат то имрӯз ба масъалаҳои ҳаёти ҷавонон эътибори махсус дода, барои соҳиби дониши мукаммал ва соҳибмаълумот будани ҷавонон ҳамаи шароитро муҳайё намудаанд. Аз ҷумла, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ анҷом ёфта, пойгоҳҳои донишгоҳҳои мавҷуда васеъ ва пурқувват гардонида шудаанд.
Донишҷӯёни донишгоҳ изҳор карданд, ки «мо, ҷавонон бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем, муқаддасоти миллиро аз дилу ҷон эҳтиром намоем ва бо дониши хубу аъло донишгоҳро хатм намуда, баҳри саломатии мардум софдилона хизмат намоем».

Март 14, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд