Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Март 20, 2017 16:21

ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ доир гардид.
Диловар Қодирзода, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳозиринро бо фарорасии ҷашни пуршукӯҳи аҷдодӣ шодбош гуфта, зикр намуд, ки Наврӯз ҷашни шукуфтанҳо ва покиву озодагӣ мебошад.
«Наврӯз аз бедории табиат мужда дода, дар идомаи минбаъдаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоии кишвар ба мо илҳоми тоза мебахшад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба Наврӯз иброз доштанд: «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд»»,- гуфт Диловар Қодирзода.
Ҳамчунин ректори донишкада ёдовар шуд, ки 24 марти соли равон барномаҳои наврӯзӣ дар донишкада идома ёфта, Маркази рушди касбияти назди донишкада, ки бо дастгирии молиявии Фонди Хуаксин «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ҷиҳозонида шудааст, дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз менамояд.

 

Март 20, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст