Дар Гимназияи №74-и Душанбе ҳафтаи забони русӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гимназияи №74- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳафтаи забони русӣ таҳти унвони «Учи и люби русский язык» гузаронида шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Манзура Файзуллоева, ҷонишини директор оид ба таълим ва тарбияи гимназияи мазкур хабар дод, дар доираи ҳафтаи забони русӣ озмунҳо барои навиштани иншои беҳтарин, диктанти беҳтарин, наттоқи беҳтарин ва тартиб додани лавҳаи девории беҳтарин эълон гардида буданд. Мавзӯъҳои озмун бахшида ба васфи Модар, Ватан, Наврӯз ва баҳор гузаронида шуд. Дар давоми ҳафта қариб аксарияти хонандагон аз синфи 3 то синфи 11 маҳорати хуб нишон дода, дар озмунҳо фаъолона иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари озмунҳои иншои беҳтарин, хониши беҳтарин дар бораи асарҳои А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, А.Дониш, С.Айнӣ В. Шекспир, А.Дюма ва М.Твен маърӯзаҳо шунида шуд, ки ба баланд гаштани сатҳи забономӯзӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат менамояд.
«Дар давоми ҳафтаи забони русӣ намоиши мултимедиавии китобҳо, муаррифиномаҳо ва машғулиятҳо тавассути таълими инноватсионӣ, намоишгоҳи адабиёти бачагона, луғатҳои электронӣ барои кӯдакон, бозиҳои компютерӣ барои омӯзиши забон, викторинаҳо, китобҳои дарсии электронӣ пешниҳод шуданд», — афзуд сарчашмаи хабар.
Гузаронидани ҳафтаи забони русӣ воситаест, ки муҳаббати хонандагонро ба омӯзиши забони русӣ зиёд карда, дар онҳо ҳисси кунҷковиро бедор мекунад ва мақсади асосии ҳафтаи забони русӣ низ инкишоф додани ҳавасмандии хонандагон нисбат ба омӯзиши забони русӣ арзёбӣ гардид.
Ҷамъбасти ҳафта дар маҷлисгоҳи Гимназия бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагон гузаронида шуд. Дар чорабинӣ қироати шеър, саҳначаи таърихӣ ва бахши фарҳангӣ намоиш дода шуд. Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти гимназия ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






