Дар Ҳисор таваллудхонаи замонавӣ дари худро ба рӯи сокинон боз кард
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди Наврӯзи байналхалқӣ дар деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кўҳии ноҳияи Ҳисор таваллудхонаи замонавӣ дари худро ба рӯи сокинон боз кард. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, ин таваллудхонаи дуошёна барои 30 кат пешбинӣ гардида, 48 нафар кормандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд. Ин таваллудхона ба беш аз 70 ҳазор сокинони ҷамоатҳои деҳоти Хонақоҳи кўҳӣ ва Алмосӣ хизмати босифати тиббӣ мерасонад. Он дорои таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз қабили дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳи даруннигарӣ, таҷҳизот барои кумаки аввалияи тиббӣ, ташхисгоҳи умумӣ ва биокимиёвӣ буда, имкон фароҳам меорад, то ба ниёзмандон хизмати босифати тиббӣ расонида шавад.
Муассисаи давлатии «Идораи сохтмони асосӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаро ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016» мавриди истифода қарор дод. Тибқи барномаи мазкур вазорат сохтмони Беморхонаи замонавӣ дар деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳии ноҳияи Ҳисорро соли 2015 оғоз намуда, онро моҳи декабри соли 2016 бо таъмини таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ ба анҷом расонид.
Беморхона бо 30 кат имрӯз ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Ҳаҷми корҳои иҷрошуда 5 миллиону 416 ҳазор сомониро дарбар гирифта, аз ин миқдор маблағ 552 ҳазор сомонӣ барои хариди таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ сарф шудааст.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






