Дар Маркази таълимии «Пойтахт» барномаи бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи идона баргузор гардид. Ҳайати кормандон дастархони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла зардӯзӣ, чодардӯзӣ, мӯҳрабофӣ ва намоиши либосҳои миллӣ нишон дода шуд. Қироати шеъру сурудҳо аз ҷониби афсарону сарбозон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо ташаббуси Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хатнатӯи 40 нафар кӯдакони кормандони ин ниҳод баргузор гардид.
Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон кӯдакон ва волидони онҳоро ба ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






