Дар Муъминобод дар арафаи Рӯзи Модар ба занони бепарастор ва маъюб туҳфаҳо такдим намуданд

Март 7, 2017 16:09

МУЪМИНОБОД, 7.03.2017 /АМИТ  «Ховар»/.  Имрӯз  дар  қасри  фарҳанги    ноҳияи  Муъминобод  бахшида  ба  Рӯзи  Модар  маҳфили  идона  доир  гардид, ки    дар  он   беш  аз  300  нафар    занони  фаъол ширкат  намуданд.

Дар ҷамъомад  Тоирхон  Амиршозода,  раиси    ноҳияи Муъминобод    занонро  бо Рӯзи Модар ва  иди  баҳор  табрик  намуда,  зикр кард, ки  «модарон  арзандаи олитарин  ситоишу  васфанд, зеро инсон ба воя мерасонанд. Агар мо то охири  умр  хизматашонро  ба  ҷо  орем ҳам,  дар  назди  саховатпешагию  меҳрубонию  бахшояндагиҳояшон   қарздор  боқӣ  мемонем».

Дар ҷамъомад раиси  ноҳия  Тоирхон  Амиршозода  ба занони  бе парастору  маъюб  ва  занҳое,  ки  дар  сохторҳои  давлатӣ  фаъолият  менамояд,  мукофотҳои  пуливу  молӣ  такдим  намуд.

Март 7, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст