Дар ноҳияи Нуробод озмунҳои наврӯзӣ ҷамъбаст гардиданд

Март 28, 2017 14:06

НУРОБОД, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз  ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ташкилотчигии духтарон ба корҳои ҷамъиятӣ ва аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумии аз байнрафта озмунҳои «Канӣ духтарҳо», «Дастурхони наврӯзӣ» ва «Аллаи модар»-ро ҷамъбаст намуданд. Дар ин бора мудири бахши кор бо занони ноҳияи Нуробод Назригул Шамсиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Рӯзи якуми апрел дар ҷашни наврӯзии ноҳия ба ғолибони ин озмунҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Март 28, 2017 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш