Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд боғи истироҳатии «Истиқлол» ба истифода дода мешавад

Март 16, 2017 11:59

ХУҶАНД, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза мегиранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд раванди корҳои ободонӣ ва бунёди як зумра иншоот бомаром идома дорад.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам боғи навбуёди фарҳангиву истироҳатии «Истиқлол» ба истифода дода мешавад. Боғи мазкур дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ, дар ду паҳлӯи роҳи мошингарди маҷмааи «Истиқлол»  воқеъ аст.

Ҳоло дар ин мавзеъ корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, боғи мазкур ба тарзи замонавӣ сохта мешавад. Он дорои ду фаввораи бо лампаҳои каммасрафи мусиқавӣ насбгардида, айвончаву курсиҳои ороишдор барои нишаст, сутунчӯбҳо бо чароғакҳои гуногунранг ва нуқтаҳои савдо мебошад. Ҳамзамон дар ин мавзеъ 20 намуди дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан бо фарогирии 500 бех ва гулҳои гуногунранг шинонида мешаванд, ки ба ҳусни ин мавзеъ таровати хоса мебахшанд.

Маҷмаа дорои осорхонаву  нуқтаҳои фурӯши китобу туҳфаҳои армуғонӣ, нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон мегардад.

 

Март 16, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад