Дар шаҳри Ваҳдат ҳамоиши тарбиявии «Салом модар, ман туро дӯст медорам!» доир гардид

Март 6, 2017 16:48

ВАҲДАТ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  шаҳри Ваҳдат ҳамоиши тарбиявии «Салом модар, ман туро дӯст медорам!» гузаронида шуд. Тавре аз бахши ҷавонон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, он аз тарафи гурӯҳи ҷавонони фаъол, аъзои бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва барандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш ба Рӯзи Модар бахшида шуда буд. Он аз назди муҷассамаи «Модар» оғоз  ёфта, гурӯҳҳо ба самти кӯчаҳои Рӯдакӣ, Сомониён, Хуросон, 20-солагии Истиқлолият, Фирдавсӣ ва Ватан раҳсипор шуданд. Бо ҳар нафаре, ки дар роҳ вомехӯрданд, иқдоми пешгирифтаашонро мавриди амал қарор медоданд. Яке аз марказҳои омӯзишиву дигаре аз мағоза, яке аз бозору дигаре аз боғҳои фароғатӣ, яке аз варзишгоҳу дигаре аз бонкҳои хусусӣ боздид менамуданд. Шаҳрвандон, хусусан насли ҷавон аз ин иқдом хеле болидахотир гашта, чунин амалро боиси дастгирӣ шумориданд.

Март 6, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст