Дар шаҳри Ваҳдат маҳфили «Ҳидоятгарони дунёи маънӣ» бахшида ба Рӯзи Модар доир гардид
ВАҲДАТ, 03.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат бо иштироки занону модарон, собиқадорони китобхонаҳои шаҳри Ваҳдат Хайринисо Нурова, Сайлинисо Раҳимова, Руқия Солиҳова ва Зайнаб Оқилова бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили идона доир гардид. Дар ин бора аз бахши ҷавонони шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар маҳфил зиёда аз 160 нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҷамъ омаданд. Қаҳрамонони маҳфил перомуни ҳаёту фаъолияти чандинсолаи хеш сухан гуфта, аз ташкил намудани чунин чорабинӣ арзи миннатдорӣ баён намуданд. Инчунин аз тарафи кормандони китобхонаи марказӣ саҳначаи тарбиявӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо як ҷаҳон маънӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Барномаи ҳунарӣ аз ҷониби сарояндагону раққосони шаҳр ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






