Дар Вазорати корҳои дохилӣ пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасод баррасӣ гардид

Март 2, 2017 09:17

ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи селекторӣ (видео-конференсия) доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсиониро муҳокима карда, гуфт, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин гуна ҷиноятҳо равона созанд.
Рамазон Раҳимзода аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, нисбат ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
«Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Март 2, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд