Доир ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи корӣ баргузор гардид

Март 3, 2017 18:03

ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ҳаҷи фарзии соли равон мебошад.

Бинобар ин, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор мегарданд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи зоиринро санҷида вобаста ба адои ҳаҷ дар доираи талаботи дини мубини Ислом қарори дахлдор қабул кунанд, инчунин, риояи қатъии тартиби муқарраргардида дар мавриди синну соли зоирин ва фосилаи ҳаҷи такрории шаҳрвандонро таҳти назорат гиранд.

 

Март 3, 2017 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад