Эмомалӣ Раҳмон: «Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд»
ДУШАНБЕ, 7.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори Рӯзи модар иброз намуданд, ки шумораи ҷавондухтароне, ки дар зинаи таҳсилоти баъди олии касбӣ дониш мегиранд, хеле афзуда, сафи онҳо дар муассисаҳои омодагии баъдидипломӣ торафт зиёд шуда истодааст, ки ин раванди мусбат ва ба талаботи замони муосир мувофиқ мебошад.
«Тавассути квотаҳои президентӣ ҳоло насли сеюми мутахассисони соҳаҳои гуногун тарбия ёфтаанд, ки дар гӯшаву канори мухталифи Тоҷикистон ҳамчун насли ҷавони зиёиёни мамлакат муваффақона фаъолият карда истодаанд. Бояд гуфт, ки баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, волидайн ҳар қадар ба тарбия ва сатҳи саводнокии фарзанд бештар таваҷҷуҳ намоянд, ҷомеа ҳамон андоза пеш меравад, неруи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилоти оилаву ҷомеа камтар мешавад»,- гуфтанд Сарвари давлат.
Ба гуфтаи Пешвои миллат баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад.
«Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. Мо ин масъаларо қариб дар ҳар мулоқоту суҳбат таъкид менамоем, зеро медонем, ки соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ, шумо, занону модарони гиромӣ ҳастед. Вобаста ба ин, мардуми мо панду андарзҳои зиёд доранд.
Аз ҷумла, гуфтаанд, ки «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд». Ин ишораҳо моро водор месозанд, ки маъракаҳоро камхарҷ гузаронем, зиёдаравӣ накунем, ба қадри нозу неъмати зиндагӣ расем ва талаботи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба хотири рӯзгори ободу оилаи хушбахт ҳамеша риоя намоем»,- таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






