Форуми байналмилалии сатҳи олии «омодасозии харитаи роҳ дар тахассуси стандартҳо, аккредитатсия ва системаи профессионалӣ»
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сатҳи олӣ ва семинари «омодасозии харитаи роҳ дар тахассуси стандартҳо, аккредитатсия ва системаи профессионалӣ» баргузор гардид.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форуми мазкур ҳайати намояндагии созмонҳои байналхалқӣ, чун ЮНЕСКО, Фонди илмии ЭКО, Шӯрои муҳандисии Покистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва АИ ҶТ иштирок намуданд.
Инчунин дар форум ва семинар Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хуршед Зиёев, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурити Тоҷикистон, Президенти Шӯрои муҳандисии Покистон Лию Сила ва дигарон зикр намуданд, ки баргузории форум ва семинар барои омодасозии харитаи роҳ дар тахассуси стандартҳо, аккредитатсия ва низоми касбӣ имконияти хубе фароҳам хоҳад овард, зеро дар ҷараёни он олимону муҳаққиқон бо ҳамдигар мубодилаи афкор намуда, дар ин замина ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ мемонанд.
Сипас, Форуми байналмилалӣ дар ҷанбаҳои гуногун фаъолияти худро идома дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






