Хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ моҳи феврал 17 қочоқчиро дастгир намуданд

Март 6, 2017 11:47

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзишу муайян сохтани гурӯҳҳои муташаккили фаромиллии қочоқбар, пешгирӣ намудани интиқоли қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ дар моҳи феврали соли 2017 дар минтақаҳои сарҳадии отрядҳои сарҳадии «Ишкошим, «Хоруғ», «Шӯрообод», «Ҳамадонӣ», «Панҷ» ва «Панҷакент», аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии ҚДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ амалиёти махсус гузаронида шуданд.
Ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ , дар ин муддат ҷузъу томҳои ҚС КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратӣ 7 амалиёт, ки аз инҳо Қӯшунҳои сарҳадӣ дар алоҳидагӣ 2 амалиёт, бо КДАМ ҶТ 4 амалиёт ва бо Кумитаи гумруки ҶТ як амалиёт гузарониданд.
Зимни амалиёти мазкур дар минтақаҳои номбаршуда 17 қочоқчӣ, аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафар ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 3 нафар, ки ба муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, дастгир гардиданд.
Аз қочоқчиён ба миқдори 165 кг 975 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 74 кг 500 гр маводи мухаддири ҳашиш, 87 кг 570 гр маводи нашъадори афюн, 3 кг 905 гр «Мет-Амфитамин» ва 17 кг бангдона мусодира карда шуд.
Инчунин 2 адад силоҳи оташфишон бо тирдону тирҳояш дарёфт ва мусодира гардиданд.
Дар моҳи сипаригашта дар сарҳади давлатии ҶТ бо давлатҳои ҳамсарҳад 10 далели вайронкунии сарҳади давлатии ҶТ ва 5 далели низоми сарҳади давлатии ҶТ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 25 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатии ҶТ ва 10 нафар вайронкунандагони низоми сарҳадӣ дастгир гардиданд. Ҳангоми пешбурди хизмат байни наряди сарҳадӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир як маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.
Нисбат ба дастгиршудагон, мусодираи маводи мухаддир ва яроқи оташфишон ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супорида шуданд. Дар айни замон аз тарафи мақомоти дахлдор корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Март 6, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд