Идигул Қосимзода: «Наврӯз барои мардуми сарбаланди тоҷик оғози корҳои неки муштарак ва амалҳои созанда аст»

Март 28, 2017 13:58

ДУШАНБЕ, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо иштироки Шӯрои занони сулҳовари назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва фаъолзанон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумита Идигул Қосимзода ҳамагонро бо баҳори нозанин, ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав ба тамоми модарону хоҳарони кишвари Тоҷикистон муваффақиятҳои неку бобарор орзу намуда, гуфт:
«Мо бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир хоҳад буд».
Раиси Кумита бо таманнои он ки ин баҳору Наврӯз барои мардуми сарбаланди тоҷик оғози корҳои неки муштарак ва амалҳои созанда гардад, ба ҳамагон соли хушу бобарор орзу намуд.

Идигул Косимзода

Март 28, 2017 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст