Ифтитоҳи бинои нави Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар ноҳияи Спитамен

Март 27, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 27.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ифтитоҳи бинои нави шуъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар ноҳияи Спитамен иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар маросими кушодашавии шуъбача раиси ноҳияи Спитамен, роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва аҳли ҷамоат ширкат доштанд. Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати бинову иншоот, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва волоияти қонун, инчунин сайқал додани дониш, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва машғул шудан ба варзиш ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» таъкид намуд, ки на танҳо зимни муҳофизати бинову иншооти вобасташуда фаъолиятро пурзӯр намоянд, балки бо ҷинояту ҷинояткорӣ, алалхусус бо терроризму экстремизм муборизаи беамон баранд.

Март 27, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст