Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ
ДУШАНБЕ, 24.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ин шаҳри бостонӣ дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзиданд.
Сокинони шукргузор ва ваҳдатсарои шаҳри Исфара Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шаҳомати махсус ва рӯҳияи идонаи наврӯзӣ пазироӣ карданд.
Лозим ба зикри хос аст, ки иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Бояд гуфт, ки ин гӯшаи шаҳр нообод буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву иқдомоти бунёдкорӣ ба як минтақаи муносиби истироҳатӣ ва сайргоҳи бошандагони шаҳри Исфара табдил дода шуд.
Тибқи нақшаҳои меъмории тасдиқгардида, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бунёди дарвоза-даромадгоҳ, фаввора ва шаршараҳо, минбар — нишастгоҳи бо тарзи миллӣ кандакоришуда роҳравҳо, нишастгоҳҳо, чароғонкунии ороишӣ ва сабзазору кабудизоркунии ҳудуди боғ бо масоҳати 2,8 гектар сурат гирифт.
Дар ҳамин мавзеъ муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ бардошта, ба фаъолияти ин боғ оғози расмӣ бахшиданд.
Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ аз зумраи шоирони номовари адабиёти тоҷикӣ-форсии садаи ХIII буда, дар адабиёт ва шеъру шоирӣ мавқею мақоми хос ва дар илму фан манзалати воло доштааст.
Зикр рафт, ки арзиши умуми Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, асосан бунёди он тариқи ҳашар бо дастгирии корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатпеша ва аҳолии шаҳраку деҳоти Исфара сурат гирифтааст. Умуман масоҳати зери таҷдид ва азнавсозӣ қароргирифтаи боғ 3,3 гектар буда, аз он зиёда 8000 метри мураббаъ масоҳати майдону роҳравҳо мебошад. Пудратчии асосии азавсозии боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара», «Асри Х», инчунин ҶСК «Шабакаҳои барқии Исфара», Қитъаи обтаъминкунии обу ташноб буда, фармоишгари иншоот Шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи шаҳр маҳсуб меёбад.
Баъд аз анҷом ёфтани маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Сайфуддини Исфарангӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳри Исфара ва намояндагони доираҳои адабӣ суханронӣ карда, бошандагони ин шаҳри бостониро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи арзандаи наврӯзӣ унвон карданд.
Дар суханронии Сарвари давлат перомуни нақши шоиру мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ, рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ин шаҳри агросаноатӣ, ҳамкории густурдаи давлат бо бахши хусусӣ, пешрафти соҳибкории хурду миёна ва инкишофи туризм дар шаҳри Исфара ибрози андеша сурат гирифт.
Дар ниҳояти чорабинӣ дар иртибот ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ барномаи мукаммали консертӣ доир шуд.
































Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд






