Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ раъду барқ ва борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 9 то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок, дар ғарби вилоят бориши борони камшиддат дар назар буда, дар шарқи вилоят бориш намешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 9 то 14 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар баландии 1200 метр барф меборад. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 5 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешбинӣ гардида, борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо то 5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар доманакӯҳҳо аз 1 то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






