Имрӯз «Истиқлол» бо «Дордой» қувва меозмоянд

Март 14, 2017 14:37

ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон дар даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D», соати 18:30 бо ҳам қувва меозмоянд.
Дастаҳои Тоҷикистон бо «Дордой» дар силсилаи рақобатҳои Ҷоми президент ваҶоми КФО 6 маротиба бо ҳам рӯ ба рӯ шудаанд. 24 сентябри соли 2012 дастаи «Истиқлол» бо «Дордой» дар бозии нимниҳоии Ҷоми президенти КФО як маротиба бо ҳам қувва озмуданд ва «Истиқлол» бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Соли 2005 «Регар ТадАЗ» дар бозии финалӣ бар «Дордой» дар кишвари Непал бо ҳисоби калони 3:0 дастболо гардид. Бозии дуюми худро ин дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ (1:1, аз пеналтӣ 4:3, соли 2008) анҷом доданд ва «Регар ТадАз» аз зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ боз ба ғалаба шарафёб гашт. Соли 2009 бори дигар футболбозони шаҳри Турсунзода футболбозони қирғизистонии худро дар симои «Дордой-Динамо» бо нишондоди 2:0 мағлуб карданд.
«Дордой» соли 2006 бар дастаи дигари Тоҷикистон-«Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2:1 дар финал ғолиб омадааст.
Имсол дастаи «Дордой» барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО дар бозии плей-офф бо дорандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон «Ҳосилот»-и Фархор дар ду вохӯрӣ ба комёбӣ мушарраф шуд (2:1).
Имрӯз мутахассисони соҳаи футбол бар он ақидаанд, ки «Истиқлол» метавонад ҳарифи саркаши худ «Дордой»-ро мағлуб кунад. Бо кадом натиҷа, касе пешгӯӣ накардааст. Мо ҳам умед дорем, ки истиқлолиҳо дар ин бозии ниҳоят муҳим, ки нишондиҳандаи дараҷаи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ маънидод мешавад, ба боварии мухлисон сазовор мегарданд.

Март 14, 2017 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд