Имсол Наврӯзро дар Маскав аввали апрел дар ВДНХ ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 15.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Имсол Иди байналмилалии Наврӯз дар Маскав якуми апрел дар толори рақами 75-и Намоигоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора агентии иттилоотии «Sputnik» бо истинод ба Раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова хабар дод.
Хуршеда Ҳамроқулова далели ин таъхирро «холӣ набудани толор дар ВДНХ — макони баргузории ҷашн дар Маскав» гуфт. «Аввал қарор буд, ки Наврӯз дар Маскав рӯзҳои 25 — 26-уми март, ки рӯзҳои таътил ҳастанд, ҷашн гирифта шавад. Аммо дар ин рӯзҳо толори 75-уми ВДНХ, ки барои баргузории ҷашнҳои бузург муносиб аст, холӣ нест. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ҷашни Наврӯзро якуми апрел баргузор кунем», — гуфт Хуршеда Ҳамроқулова. Вай афзуд: «Наврӯзро аз қадимулайём 14 рӯз ҷашн мегирифтанд ва ишколе надорад ки мо ҷашнамонро дар 10-умин рӯз баргузор мекунем».
Ёдовар мешавем ки порсол Наврӯз дар Маскав 20-уми март ҷашн гирифта шуд. Дар он ҷашн беш аз 35 ҳазор кас ширкат кард. Дар чорчӯби барномаҳои он ҷашн барномаи консертӣ, мусобиқаи гӯштингирӣ, ҷашнвораи хӯрокҳои миллии эронитаборон ва ҳамчунин бархе аз мардумони туркизабон баргузор шуданд. Хуршеда Ҳамроқулова гуфт, ки имсол шумораи боздидкунандагон нисбат ба порсол бештар хоҳад шуд: «Имсол дар барномаи наврӯзӣ намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Тотористон, Бошқирдистон ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард». Вай гуфт, ки имсол барномаи бошукӯҳи консертӣ бо ширкати ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур, Аскаралӣ Гулов, Шаҳзод Ҳакимов, гурӯҳи созу овози «Эхо Памира», гурӯҳҳои рақсии «Гулчин» ва «Нур» баргузор хоҳад шуд. Ба гуфти раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав, дар барномаи имсола ҳамчунин баргузории ҷашнвора-озмуни «Ойини палавпазӣ» баргузор карда мешавад: «Ошпазон дар назди мардум ҳунари худро нишон хоҳанд дод».
Ҷашни Наврӯз имсол низ чун ҳар сол дар толори 75-уми ВДНХ баргузор мешавад. Барномаҳо аз соати 10 субҳ оғоз шуда соати 10 шаб ба поён мерасанд. Боздид аз барномаҳо озоду ройгон аст.
ДАР АКСҲО: Раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Х. Ҳамроқулова; лаҳзаҳо аз ҷашнгирии Наврӯз дар Маскав дар солҳои қаблӣ.











Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






