Интиқоли кумаки ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ба воситаи чархбол

Март 6, 2017 16:59

ХОРУҒ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тарма ва селу резиши регу сангпораҳо ҳанӯз аксарияти деҳоти водии Бартангро дар муҳосира қарор додааст ва расонидани кумаки ғизоӣ ба сокинони ин водӣ аз тариқи роҳи заминӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ бо супориши Пешвои миллат тавассути чархболи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ғизоӣ ва сӯхт, аз ҷумла орду равған, чою биринҷ, сӯзишвории дизелӣ ба миқдори 5 тонна ба баъзе аз деҳоти дурдаст интиқол дода шуд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ҳангоми мулоқот бо сокинони ҷамоати дурафтодаи Савноб гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақсади боз кардани роҳи мошингард аз тамоми имконоти моддию техникӣ истифода мебарад, аммо тармаву сангчархи такрорӣ то ба ҳол имкон намедиҳанд ин роҳ пурра кушода шавад.
Сокинони деҳоти Рухч, Нисури ҷамоати Савноб аз камбуди ангишту ҳезум шикоят карданд ва хоҳиш намуданд, ки барои омода кардани ҳезум дар ҷангали деҳа ба онҳо иҷозат диҳанд. Раиси ВМКБ ба мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ супориш дод, ки ба миқдори муайян аз ҳисоби дарахтони пиру шохҳои хушкшуда барои тайёр намудани ҳезум ба деҳотиён кумак расонанд. Вале ин маъракаро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд, то ба табиат осеб нарасад. Зеро ин давраи мушкил баъди чанд рӯз ба охир мерасад, аммо барои парвариши як дарахт 10 -15 сол зарур аст.
Дар ин сафар раиси ВМКБ-ро ҳамчунин табибон ҳамроҳӣ карданд ва ба беморон кумаки тиббӣ расонданд. Нуҳ нафар аз маризонро дар бозгашт тавассути чархбол ба беморхонаи вилоятӣ барои идомаи табобат интиқол доданд.

Март 6, 2017 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст