Камол Насрулло: «Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён падидаи нодиру бесобиқа аст»
ДУШАНБЕ, 18.03.2017./АМИТ “Ховар”/. 20 март дар “Кохи Нарӯз”-и шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат баргузор мешавад. Мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли зиё чун анъана ҳар сол дар арафаи ҷашни зебо – Наврӯзи хуҷастапай доир мегардад. Дар он бахусус масъалаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму адабиёт ва фарҳанги ҷумҳурӣ мавриди гуфтугӯ қарор мегиранд.
Имрӯз мо мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ “Ховар” Камол Насруллоро роҷеъ ба аҳамияти ин мулоқот манзури хонандагон мегардонем.
«Ман шоиронро дӯст медорам!»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар сарзамини мо ҳамеша арҷ ба сухан мегузоштанд. Шоҳбайти машҳури зерин ҳам эҷоди бузургони мост ва ба гумон аст, ки касе мӯъҷазу нишонрастар аз ин тавонад ба сухан баҳо гузорад:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.
Миллати мо миллати сухан, миллати шеъру суруд аст. Дар ин диёр сухан худаш фарҳанг аст, зеро дар ҳар вожаву ҳар таъбири забони тоҷикӣ ҷилои фарҳангии вожаҳо падидор аст. Дар вожаву таъбирҳои забони тоҷикӣ бадеият ҷавлон мезанад. Дар одитарин гуфторамон вақте, фарз кардем, мегӯем: бахташ хандид ё сабраш ба бор омад ё чашми рӯз кафид ё дар як вожа, масалан: офтобрӯ, нилуфар,гуландом, ҳатто дар исмҳо: хушдоман ва ҳазорон ҳазор вожаҳое, ки мо ҳамарӯза дар гуфтугӯямон ба кор мебарем, ҷилои фарҳангу бадеиятро метавон тамошо кард. Забони муқаррарии мардуми одии мо забони шеъри ноб аст ва як марди деҳқон ё як даҳмарда ё як модар дар сари ташвишҳои рӯзгор ноогоҳона, дар гуфтори одии худ таъбиру тасвирҳои шоиронаро истифода мекунад, мисли ин ки шеър мегӯяд. Намегӯяд: фалон зан таваллуд кард, мегӯяд: чашмаш рӯшан шуд. Намегӯянд: саҳар шуд, мегӯянд: субҳ дамид. Инҳо ҳама ноогоҳона шеъранд, ки халқ бадоҳатан эҷод кардааст, зеро Худованд ба ин халқ сиришти шоирона ато намудааст.
Дар Тоҷикистон, дар дурдасттарин деҳоти он маҳфилу нишасту суҳбатҳо дар доираи пирону фозилон ҳамеша маҳфили адабу адабиёт, маҳфили фазилат, маҳфили шеъру сухан будааст. Ин маҳфилҳо мисли дарсҳое будаанд, ки ба мардуми мо маърифат, одобу одамгарӣ, сухану сухаварӣ меомӯхтаанд.
Азбаски халқи мо халқи куҳанбунёд аст, собиқаи бемисли фарҳангиву таърихӣ дорад,бузургону нобиғагонеро дар муҳити худ парваридааст, яъне заминаҳои зуҳури онҳоро доштааст, дар ин диёр забон худаш дин аст, мисли дин раҳнамост, афрӯзандаи эътмоду эътиқод ба покиву ростиву некист. Дар ин диёр забон падидаи меҳру муҳаббат, падидаи фазилату одоб аст. Яъне ҳама дастовардҳои рӯҳониву ақлонӣ ва фарҳангии мо дар забонамон таҷассум ёфтааст.
Истиқлолияти давлатӣ моро ба асли худамон бозгардонд. Ба асли инсониву фарҳангии худамон. Бубинед, чӣ гуна расму таомул ва суннатҳои неки миллии мо ҷон гирифтаву зинда шуданд. Мисли он ки боғбоне омаду ин боғи ба тороҷрафта, аз чор сӯ помолу шикаставу буридашударо аз нав тоза кард, нумӯбахшид, сарсабзу шукуфон кард. Мисли ин ки дасти бошарофате расиду ҳама мурғони зору гирифторро аз қафасҳо озод кард. Фарҳоде омаду аз моварои кӯҳҳои сангин ҷӯйборе канду обҳои мусаффоро ҷорӣ кард ва ба мардуми ташнакоми мо ҷони дубора дод. Ин ташнагӣ ташнагӣ ба асолати худ буд, чун ба шири модар. Истиқлолият, озодӣ мисли ин ки кӯдаку модарро ба ҳам расонд. Яъне миллатро ба асли худ пайвасти тозаву ҷонбахш дод. Соҳиби худ, соҳиби номи худ, нони худ, обу хоки худ гардонд. Аз ҷумла сухан, ҳунар, суннатҳои неки миллӣ мисли парандагоне буданд, ки аз қафасҳои асринаи худ озод шуданд ва акнун дар ҳавои истиқлолияти кишвар, дар осмони озодии он болу пар кушодаву ба парвоз омаданд. Ин аст наҷибтарин дастоварди миллати мо, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ насиби мо гашт.
Дар замини сабзи Истиқлолият яке аз он дарахтони муҳташаме, ки аз нав шукуфону гулафшон шуд, дарахти худшиносист. Роҳи дурусте, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон, Пешвои муаззами он пеш гирифтанд, иқдомҳои зиёд ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ бо ҳадафи худшиносии миллӣ буд.
Инак метавон пайдарҳам ном бурд: Ҳанӯз соли 1994 Симпозиуми байналмиллалии ҳазораи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, соли 1995 бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соли 1996 таҷлили ҷашни 675- солагии Камоли Хуҷандӣ, соли 1997 таҷлили ҷашни 950-солагии Умари Хайём, соли 1998 90-солагии Бобоҷон Ғаффуров. Яъне ҳар сол таҷлил ва бузургдошти яке аз фарзонагони миллат. Баъдан ба д-ин сурат идома меёбад: ҳазорсолагии Носири Хисрав, ҳаштсадсолагии Ҷалолиддини Балхӣ, ҳазору яксаду панҷоҳсолагии Абуабдуллои Рӯдакӣ, шашсадсолагии Абдураҳмони Ҷомӣ, садсолагии Мирзо Турсунзода ва ғайраву ғайраҳо. Дар баробари ин таҷлили ҷашнҳои шаҳрҳои қадимаи тоҷик: 2500-солагии Уротеппа, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори бостонӣ… Ҳар кадоми ин ҷашну бузургдошт на фақат эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллии халқи моро баланд бардошт, балки ба шарофати онҳо шаҳру деҳоти кишвар обод гаштаву симои худро зеботар намуд.
Метавон ба ин рӯйхат интишори бешумори осори таърихӣ ва бузургони гузаштаву имрӯзаро аз “Авасто” то силсилаи панҷоҳҷилдаи “Ахтарони адаб”-ро зам намуд. Метавон аз бузургдошти Забони модарӣ, таҷлили Наврӯзи аҷам ва мақоми байналмиллалӣ гирифтани он, аз эҳёи дубораи Шашмақому Фалак, ободии мавзеъҳои таърихӣ, амсоли Саразму Ҳулбук ва дигарон, аз таҷлили ҷашну иду маросимҳои бешумори миллии мо дар замони истиқлолият , ки ҳама ҳадафи худшиносии миллӣ, таҳкими маънавиёти халқамонро доштанд, ҳарф зад.
Албатта, бидуни шубҳа, яке аз падидаҳои нодиру бесобиқаи Истиқлолияти давлатии мо мулоқоти ҳамасолаи Президенти кишвар бо зиёиёни кишвар аст. Ин хушбахтии эҷодкорон аст, ки Пешвои миллатамон чунин инсони фарҳангдӯсту адабпарвар аст. Арҷгузории баланд ба онҳо дорад. Ҳанӯз аз нахустин рӯзҳо ва ҳатто соатҳои омадан ба сари кор ӯ такя ба аҳли илму адаб, зиёиёну равшанфикрони миллат кард. Аввалин мулоқоти ӯ низ баъд аз омадан ба пойтахти кишвар, дар рӯзи дуюм, мулоқот бо аҳли илму адаб буд, ки мо ҳама ин мулоқоти таърихӣ ва самимонаро дар ёд дорем. Агар миллати афтодаи мо бо нерӯи худ пайваста қомат афрохтаву боло шуд, ба шарофати он аст,ки ӯ такя ба хирад кард, муттакоро дар суннатҳои неки милии худ ҷуст ва аз домани худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба бузургон дошт.
Бубинед, ҳар миллат аз паси фазилатҳои зотии худ меравад, миллати мо, Сарвари мо низ ин роҳро пеш гирифтанд. Дар ҳеҷ кишвари дигар чунин нест, ки Президенти кишвар ҳар сол бо кулли зиёиён рӯ ба рӯ нишинаду мулоқот кунад, арзу дод ва пешниҳодашонро бишнавад. Мо, аҳли адаб, шоҳиди тамоми ин мулоқотҳо будаем, дидаем, ки чи гуна Сарвари кишварамон самимона бо адибон сӯҳбат мекунад, онҳоро мефаҳмад, ба онҳо эътимоду бовар дорад. Эътимод ва бовари Пешвои миллат ба зиёиён, эътимоду бовар ба илм, адабиёт, санъату ҳунар аст, ки дар тӯли таърихи гарони мо ягона ҳуҷҷати ҳастӣ ва сипари рӯзгорони миллати мо будааст.
Эътимоди Сарвари миллати мо ба анъана, расму ойин, ҳунарҳои миллӣ низ беҳуда нест. Инҳо ҳама сутунҳое ҳастанд, ки кохи фарҳангу маданияти мо, қалъаи имону виҷдони моро дар тӯли асрҳо алайҳи боду бӯронҳои шигифтангези таърих зиндаву пойдор нигоҳ доштаанд. Аввалин гомҳои Ҳукумати соҳибистиқлол ва халқи хирадниҳоди мо дар эҳёи дубораи забони модарӣ, ки шаҳсутун ва муттакои ҳастии миллати мост, дар дастгириву ғамхорӣ аз эҳёи сунатҳои баланди миллиамон, аз ҷумла Наврӯзи аҷам, ки мисли ҷавшан дар корзори таърих моро аз тиру туфанги марговари душманон ҳимоят намудааст, беҳуда нест. Зеро ҳамин забони муқаддаси модарӣ, ҳамин суннатҳои некманишона, ҳамин Наврӯзи хуҷастаниҳод, ки бар зербуни абадият қомат афрохтааст, халқи фарҳангофару заҳматдӯсти моро зинда доштаанд.
Мо зиёиёни тоҷик, хушбахту сарфарозем, ки чунин Сарвари адабпарвар, ватандӯст дорем, ки пуштибони ҳунару санъату адабиёт аст. Мо хушбахтем, ки ӯ дӯстдори каломи волост, пуштибону дастгири ҳар нафар соҳибистеъдод ва ҳунарманд аст. Ин падида низ танҳо дар кишвари мост, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҳумоюнфар, дар арафаи мулоқот бо равшанфикрон Сарвари кишвар аз ҳисоби захираҳои Президентии худ маблағи ҳангуфтеро барои нашри китобҳои адибон ҷудо мекунад. Ба ин шарофат беҳтарин намунаҳои адабиётӣти мо ба сурати китоб медароянд ва ба дасти таърих, ба дасти хонандагонашон мерасанд. Ин ғамхорӣ, ин дастгирӣ назир надорад.
Ва оқибат мо ҳама мафтуни суханони пур аз меҳру муҳаббат ва самимимонаи Президентамон ҳастем. Вақте, ки Пешвои миллат дар мулоқоти хотирмони таърихии худ бо зиёиёни кишвар ва адибони ҳавзаи Наврӯз, ки аз гӯшаҳои гуногуни дунё ҳузур доштанд, аз минбари баланд бо муҳаббат ва самимият изҳор дошт, ки :“Ман шоиронро дӯст медорам!”, ҳама ҳозирин: ҳам мо зиёиёни тоҷик ва ҳам меҳмонон, адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сари по хеста дуру дароз кафкӯбӣ карданд. Вақте ӯ мегуфт, ки “Ман шоиронро дӯст медорам” шаҳд аз забонаш мерехт, чашмонаш медурахшиданд ва воқеан дар ин изҳор меҳру муҳаббат ҷилвагар буд. Ин суханон дили мо, роҳи мо, дунёи моро рӯшан карданд ва ман аминам, ки ҳамеша рӯшании онҳо бо мо хоҳад буд.
Мо шоирони тоҷик бо ҳама самимияту муҳаббати фарзандона дар ҷавоб мегӯем: Мо низ Пешвои худамонро дӯст медорем, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот додааст, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро дубора эҳё гардонидааст, Пешвоеро, ки тавонистааст моро ба Ваҳдати миллӣ расонад, Пешвоеро, ки ному шарафи миллати моро баъд аз бузургони гузаштаву оламшумуламон дар арсаҳои ҷаҳонӣ дурахши тоза бахшидааст, Пешвоеро, ки шӯълаи ишқи ватанро дар ниҳоди ҳар яки мо фурӯзон сохтааст. Ва оқибат Пешвоеро, ки бо аҳли илму адабу ҳунари кишвари хеш аст.
Чӣ қадар меҳр, самимият ва маъниҳои таҳтонии зиёде дар ин изҳор, дар ин мафҳум ҷилвагар аст:
Ман шоиронро дӯст медорам!
Аввало, ман шоиронро дӯст медорам, яъне, ман ба сухан арҷи баланд мегузорам аст. Баъдан, ман шоиронро дӯст медорам, яъне, ман фарҳангу маърифату фазилати халқамро дӯст медорам, ман хазинаҳои маънавии гузаштагон, нобиғагони илму адаб, ҳунар ва истеъдод, завқу дониш ва хуҷастгиҳои миллати эҷодкори худро дӯст медорам аст. Ва оқибат, ман шоиронро дӯст медорам, яъне ман инсонро дӯст медорам, зебоиҳоро дӯст медорам, арҷи баланд ба ишқ, ба меҳру муҳаббат, ба одамигарӣ, хайрхоҳиву некномӣ мегузорам гуфтан аст. Бидуни шубҳа дар ин маврид дар мафҳуми шоирон тамоми равшанфикрони миллати мо ҳаққи ҳузур доранд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст.
Мо, адибону равшанфикрони тоҷик, мешитобем ба мулоқот бо Сарвари дарёдили кишвари худ, бо пуштибону ғамхори эҷодкорон, бо Пешвои миллат, бо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то аз сухани ӯ боз дил равшан кунем, то аз гулхани фурӯзони ҳастии ӯ дар вуҷуди худ низ гулханҳо барафрӯзем, то аз оташи фурӯзони ниҳоди ватандӯстонаи ӯ дар чашму дилу дастонамон машъалаҳо барафрӯзем ва бо нерӯи наву тоза, бо рӯҳияи наҷиби меҳанпарастӣ ба бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли худ идома диҳем.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ “Ховар”.