Китоби Аслиддин Низомӣ бо номи «Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили рӯнамои китобии Аслиддин Низомӣ бо номи «Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ», ки зери назари Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳарририи Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор нашр шудааст, баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маҳфили мазкур намояндагони илму адаби кишвар иштирок ва дар бораи китоби ин донишманди тоҷик сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки китоби Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ бо такя ба маъхазҳои зиёди олимони гузаштаи тоҷику форс ва бо истифода аз осори ба омӯзиши шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ бахшидашудаи муаллифони муосири тоҷик ва ҷаҳонӣ муносибати шеър ва мусиқиро мавриди таҳлил қарор додааст.
Дар китоб кулли ҷанбаҳои шашмақом дар муқоиса бо навъҳои пурғановати назми тоҷикӣ-форсӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, он барои доираи васеи муҳаққиқони мусиқӣ ва назми тоҷикӣ-форсӣ ва ҳамаи дӯстдорони ҳунари қадимаи тоҷикон-шашмақом пешбинӣ карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






