Конфронси илмӣ бахшида ба иди Наврӯз дар Хоруғ

Март 17, 2017 09:01

ХОРУҒ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ Азатшо Насриддиншоев зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ ба  таври фишурда дар бораи вижагиҳои хоси иди Наврӯз дар ин ё он манотиқи кишвар ҳарф зада, изҳор дошт, ки «он расму суннат ва анъанаҳои наврӯзие, ки ниёгонамон барои мо ба мерос гузоштаанд, дар ягон мамолики Машриқзамин ба чашм намерасанд. Дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон ин ҷашн бо сад рангу тобиши маънӣ баргузор мегардад ва барои тафсиру таъбирашон шояд соатҳо камӣ мекунад. Дар ҳар яке аз ин  расму суннатҳои наврӯзӣ  панду андарзҳо ва ҳикматҳои ҷовидонӣ вуҷуд доранд ва  агар одамон мутобиқи онҳо амал кунанд, дар зиндагӣ камтар бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд».

Дар конфронс зикр шуд, ки маҳз ҳамин арзишҳои баланди маънавию маърифатӣ умри Наврӯзро то ба 6 ҳазор сол расонданд ва то дунё ҳаст, Наврӯз аз байн нахоҳад рафт.

Март 17, 2017 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд