Маҳмадшариф Бобошозода: «Ҳадафи асосии матбуоти давлативу мустақил софдилона ба манфиати халқу кишвари худ хизмат кардан аст»

Март 11, 2017 10:57

ДУШАНБЕ, 11.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 10 марти соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин маросим намояндагони тамоми ВАО-и кишвар иштирок намуданд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадшариф Бобошозода зикр намуд, ки нақши ВАО дар пешрафт ва рушди ҷомеа хеле бузург аст.
«Таҷрибаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки телевизиону радио ва матбуот ҳамчун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат кунанд. Журналистон дар ҷомеаи журналистии кишвар дар инъикоси муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим доранд. Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт: матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият мекунанд. Ҳадафи асосии матбуоти давлативу мустақил вазифаи касбии ҳудро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу кишвари худ иҷро кардан аст»,- гуфт Маҳмадшариф Бобошозода.
Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов баён намуд, ки он орзую омоле, ки дастандаркорони «Бухорои шариф» доштанд, имрӯз амалӣ гардид. Миллати тоҷик ба истиқлолият расид ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи воситаҳои ахбори омма даст ёфт. «Заминаҳои ҳуқуқӣ барои ташаккули ВАО фароҳам оварда шуданд. Имрӯз озодии баён, гуногунандешии ВАО таъмин гаштааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамаи инро барои мо санади олии ҳуқуқии кишвар- Конститутсия кафолат додааст»,- таъкид намуд Сангин Гулов.
Дар ҳамоиш 9 нафар устодони соҳаи журналистика барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданд. Ҳамчунин рӯзноманигорони фаъол соҳиби нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Аълочии ифтихории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Кормандони АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Март 11, 2017 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд