Манзура Рустамова бо намояндагони Ростови лаби Дон мулоқот анҷом дод

Март 28, 2017 16:22

ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии доираи соҳибкорони Ростови лаби Дони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Манзура Рустамова, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории тиҷоратии мавҷудаи дуҷониба байни Тоҷикистон ва Россия ёдовар шуда, зикр кард, ки мубодилаи тиҷорат дар солҳои сипаригардида байни Россия ва Тоҷикистон хеле назаррас мебошад.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рушди саноат, нақлиёт ва ғайра баррасӣ ва оид ба таҷрибаи кории минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз вохӯрии мазкур рушд додани ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур байни Тоҷикистон ва Россия мебошад.

Март 28, 2017 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд