Маркази миллии тестӣ: Даври асосии бақайдгирии довталабон оғоз гардид

Март 1, 2017 14:26

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Даври асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2017 шурӯъ гардид. Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои аз қайд гузаштани довталабон дар 29 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 33 нуқтаи бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил шудаанд.
Бақайдгирӣ то 15 апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз муассиса(ҳо)-и таълимии интихобкардаашон метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.
Соли равон ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имсол ба низом дохил шуд) ва 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.
Барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2017 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1- ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12 -ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро муайян кунанд. Соли равон бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд ва довталаб метавонад, ки дар вақти бақайдгирӣ яке аз ин шаҳрҳо ё ноҳияҳоро ҳамчун макони имтиҳонсупориаш интихоб намояд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Март 1, 2017 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид