Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва табобати бемории сил миёни муҳоҷирон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷик ва табобати бемории сил дар байни онҳо ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Парвина Мухторова, директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иброз дошт, дар байни давлатҳое, ки бемории сил дар сатҳи нисбатан баланд қарор дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои 27-умро ишғол мекунад.
«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва зерсохторҳои масъул бо мақсади коҳиш додани бемории сил дар ҷумҳурӣ ва байни муҳоҷирони меҳнатӣ чораҷӯӣ менамоянд. Имрӯз дар муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим шуъбаи масъалаҳои кор бо муҳоҷирони дохилӣ ва берунӣ фаъолият менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст»,- гуфт Парвина Мухторова.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






