Моҳи март сокинони Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Март 6, 2017 15:57

ДУШАНБЕ, 06.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи март бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ ва таҷлили ду иди баҳорӣ- 8 март- Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз 13 рӯз истироҳат менамоянд. Ҳамин тариқ шаҳрвандони кишварамон дар моҳи март рӯзҳои 4, 5, 11, 12, 18, 19, 25 ва 26, ки истироҳатиянд, 8 март- Рӯзи Модар ва 21, 22, 23, 24-уми март ҷашни байналмилалии Наврӯз истироҳат мекунанд.
Тавре аз Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» агар ид ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи баъдии он рӯзи ғайрикорӣ мебошад. Дар ин росто, дар тақвими соли 2017 рӯзҳои 8 март ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ба рӯзҳои истироҳат рост намеоянд. Аз ин рӯ, рӯзҳои истироҳат ва идҳо дар асоси нақшаи тақвимии корӣ сурат мегиранд.

Март 6, 2017 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид