МОДАРИ ТОҶИК САЗОВОРИ САҶДАҲОСТ! Баландтарин арҷгузориро Пешвои миллат шоиста ба зан, ба модар медонанд

Март 7, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ “Ховар”/. Барои миллати хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷик, ки “ҷаннатро дар хоки қудуми модарон” дидааст,  парастиш ва эҳтироми модар, арҷгузорӣ бар ӯ ҳамеша волотар аз ҳама чизи дигар буду ҳаст. Ба андешаи банда дар сафи вожаҳое, ки муқаддасоти миллии моро ифода мекунанд,  бояд вожаи модар низ навишта шавад. Метавон муҷассамаи  хираду фазилат, некиву футувват,  меҳру муҳаббатро дар симои модари тоҷик бунёд гузошт. Марому мақоми баланду эҳтироми зан ва модари тоҷикро худи таърих, имтиҳони гарони рӯзгори модар дар тӯли асрҳо муайян намудааст. Бузургии ӯ ҳақиқатест, ки дар саҳифаҳои таърих бо муҳри вақту замон тасдиқ гардида, ҳукми абадият гирифтааст.

Далели нахуст ин аст, ки модари тоҷик модари нобиғагону бузургони оламшумул аст. Ӯ бузургон ва абармардонеро ба дунё овардаву парвариш додааст, ки агар аз саф ба саф номбар кунем, саҳифаҳои зиёдеро боядпур созем. Ба монанди  Одамушшуаро Рӯдакӣ,  Шайхурраис  Бӯалӣ Сино, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ал Форобиву Ал Хоразмӣ, Шайх Саъдиву Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳову  садҳои дигар, ки ҷаҳонро бо  илму фарҳангу маърифати худ тасхир намудаанд.  Чӣ ҷойи шубҳа, ки устоди  нахустини ин  бузургворон пеш аз ҳама зан- модари тоҷик будааст.

МодарМо аз таърих медонем, ки зан-модари тоҷик шоҳу сарвари шуҷоъ ва хирадпешаи  сарзамини худ низ будааст. Шуҷоату корномаи Томарис-шоҳи ин сарзамини далерон, ки тавониста барои дифои кишвари худ ва интиқоми шавҳару фарзанди шаҳидаш бо тавонтарин шоҳи таъриху замон Курӯши Кабир ба майдони набард барояд ва ӯро мағлуб кунад.

Далели ин, ки бонувони тоҷик дар замонҳои ҳассос ватандӯстона ҷавшан ба тан ва силоҳ ба даст гирифта, далерона ба ҳимояи ватани худ бархоста, дар майдонҳои набард на кам аз мардон қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисорӣ нишон дода, ватанро аз истилои таҷовузгорон эмин доштаанд, дар саҳифаҳои таърих кам нестанд. Дар  гӯшаҳои гуногуни  Тоҷикистони мо то имрӯз мавзеъҳое бо номи “Чилдухтарон” маҳфузанд, ки мардум ба онҳо чун бар мазори ин бонувони ватандӯст, ки барои ҳимояи диёри худ хеста, “ҳама сар ба сар тан ба куштан додаанд”, аз он ки “кишвар ба душман диҳанд”, арҷгузории баланд зоҳир мекунанд.

Агар имрӯз миллати сарбаланди мо баъд аз он қадар ҷаврҳои таърих, он қадар тохтутозу тороҷгариву хунрезиҳои душманон боз ҳам зиндаву поянда аст, бе иштирок, бе шарофату ҷоннисорӣ,  ақлу заковати баланди зан-модари тоҷик наметавонист бошад.

Гумон мекунам, Сарвари кишвари мо, вақте ки дар таҳия ва қабули Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд раҳнамо буд, яқин аст, ки пеш аз ҳама ба саҳми мадари тоҷик, ба хираду фазилати ӯ такя ва эътимод дошт.

Модар Пешвои миллат Арҷгузорӣ ба зан, яъне ба модар ва ба оила, яъне ба сарчашмаи бунёди ҷомеаи инсон ва инсоният дар диёри арҷманди мо ҳамеша баланд буду ҳаст. Имрӯз, вақте Тоҷикистони азизи мо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шуд, ин арҷгузорӣ ба сурати боз ҳам дурахшонтару шукӯҳмандтар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат зуҳур кардааст.

Зани тоҷик ҳамеша ва имрӯз ҳам сазовори он аст, ки дар пеши азамату ҷоннисориҳои модаронаи ӯ сари саҷда фуруд оранд, зеро зани тоҷик бештар аз як зан, бештар аз як модар аст. Боре, ки ӯ бар дӯши худ гирифтааст, хеле фузунтару фарогиртар аз расолати ӯст. Ба ҷуз ин, ки ӯ моро бу дунё овардааст, шабҳо нахобидаву ҳама гарониҳои рӯзгорро таҳаммул намудаву моро парварида, ба роҳи бузурги зиндагӣ баровардааст, боз ӯ тамоми бори гарони рӯзгори хонаводаро бар дӯш дорад.Хусусан дар деҳот, дар кӯҳистон, ки Тоҷикистони мо саросар куҳистон аст.Дар куҷо дидаед, ки як зан соҳиби ин қадар касбу кору ҳунар бошад? Зан дар хонавода, зан дар коргоҳ, зан дар гиру мони рӯзгор, зан дар ҷомеа, зан ҳамчун ҳамсар, зан ҳачун модар ва ғайраву ғайраҳо.

Биёед, бубинем, ки чӣ масъулият ва чӣ борҳои гароне бар дӯши занони наҷиби мост. Аввалан, зани тоҷик  модар ва мураббии атфол аст, сипас ин зан ҳам кайвонаву ҳам дӯзанда, ҳам зироаткору ҳам боғпарвар, ҳам чорводору ҳам бинокор аст. Зани тоҷик донандаи ҳама касбу кор ва тамоми ҳунарҳои нодири халқист.

Модар Пешвои миллат-6Мегӯянд, ки миллати тоҷикро пеш аз ҳама забони модарӣ ва суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла Наврӯзаш зинда доштаанд. Аммо забон ва суннатҳоро, Наврӯзро кӣ зинда дошт? Албатта, пеш аз ҳама занону модарон.

Агар имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар Тоҷикисони азизи мо тамоми суннатҳо, расму русуми нек, анъанаҳову ҳунарҳои наҷиби миллӣ зиндаву пояндаанд, инҳо пеш аз ҳама ба шарофати занону модарони тоҷик аст. Ин магар гувоҳи донишмандӣ ва ҳунарпеша будани зани тоҷик нест?

Дар бисёр мавридҳо, хусусан баъд аз ҷангҳои нангини шаҳрвандӣ, ки мардони зиёдеро аз байн бурд, зани тоҷик дар бисёр хонаводаҳо ҳам падар буду ҳам модар. Имрӯзҳо ҳам, ки қисми зиёди мардони кишвари мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, ҳамин тавр аст, дар ин хонаводаҳо зан аст, ки ҳам мард асту ҳам зан, нигаҳдорандаи гулхани фурӯзони рӯзгор. Пас кист зани тоҷик, агар қаҳрамон нест?!

Имрӯз мо агар аз таҷрибаи бесобиқаи сулҳи тоҷикон, ки комёбии миллату меҳани мо дар роҳи ба даст оврдани сулҳу ваҳдат аст, бо ифтихор ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки дар ин ҷо низ нақши занҳо ва модарони мо, ки ҳама вуҷудашон огандаи раҳму шафқат аст, бениҳоят бузург аст. Ҳамин занҳо — модарон буданд, ки синаро сипар карда, пеши роҳи силоҳбадастонро бастанд, вақте ки ба ҷони Сарвари кишвар марг таҳдид мекард, нагузоштанд, ки осебе ба ҷони ӯ расад.

Модар Пешвои миллат-5Имрӯз ба шарафи истиқлолият ва дар партави хираду муҳаббати Пешвои миллати мо, бубинед, чӣ гуна арҷгузорӣ ва дастгирӣ аз занону духтарон, аз бонувон мешавад. Ҳеҷ гоҳ дар тӯли таърихи дарозу пурмоҷарои миллати мо зани тоҷик дар ҷомеа ин қадар соҳибэҳтирому соҳибмақом ва болонишин нагардида буд, чунон ки имрӯз аст. Имрӯз дар ҳама мақомҳои баланди ҷамъиятиву давлатӣ мо дурахши чеҳра, дурахши хираду ҳунару муҳаббати занҳоро мебинем ва ин беҳуда нест. Зеро дар он ҷойе, ки зан ҳаст, дар он ҷо раҳму шафқат, адолат, зебоишиносӣ, одамгариву хайрхоҳиву накӯкорӣ низ ҳузур дорад.

Дар замони шӯравӣ, вақте ки зани тоҷик ба озодӣ расид, устод Турсунзода суруда буд:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Агар устоди шодравон имрӯз зинда мебуд, яқин аст, ки аз ин шароит ва имконият ва дастгириҳои боз ҳам шоистатар, ки барои занони тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои миллат фароҳам овардаанд, бештар ба ваҷд меомад ва шояд ин ситоишро ба оҳанги нав идома медод. Банда илова мекунам:

Файзи дунё дар фаросӯи зан аст,

Ҳусни Истиқлол дар рӯи зан аст.

Аз ҳама волотарин тахти ҷаҳон

Дар бари модар, ба паҳлӯи зан аст.

Зиндагӣ имрӯз агар шодоб шуд,

Аз насими поки сарҷӯи зан аст.

Осмони беғубори зиндагӣ

Аз сафои поки менӯи зан аст.

Мо ҳама  мадюни заҳматҳои ӯ,

Зиндагӣ подор бо бӯи зан аст.

Қалъаи амнияти подори мо,

Ман аминам, дар сари кӯйи зан аст.

Зан сари болову пирӯзии мост,

Рӯйи ҳастӣ, рӯйи хушрӯи зан аст.

Мақоми зан, мақоми оила дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз фузунтар аз ҳар давру замон аст ва  ин моро умедвор ба ояндаи неки фарзандон, ҷомеа ва ҳастии халқамон мекунад.

Агар дар тӯли таърихи пурмоҷарову хунини миллати мо зан-модари тоҷик ҳамеша бо азобу шиканҷа қаҳрамонона зиндагӣ ба сар бурда бошад, имрӯз подоши он ҳама тамкину бурдборӣ ва заҳматҳои бесобиқа ӯ  озодиву хушбахтист. Хушбахтист, ки Худованд ба миллати соҳибхираду заҳматдӯсти мо имрӯз Пешвоеро мунсиб донистааст, ки баландтарин арҷгузориро ба онҳо, ба занону модарон шоиста медонад. Сарваре, ки ба онҳо майдони парвози баландро додааст, дастгирӣ дар ҳама ҷабҳаҳо мекунад, ба онҳо бовар дорад ва такя ба покиву ҳунару итеъдодашон кардааст.

Беҳуда нест, ки дар кишвари мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, рӯзи иди бонувонро Рӯзи модар номгузорӣ кардаанд. Дар ин мафҳум маъное ироа мешавад, ки ин ид, ин рӯзро шоиставу муқаддас мегардонад, зеро марбут ба номи модар аст.

 

Камол Насрулло,

Шоири халқии Тоҷикистон,

дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,

ходими адабии АМИТ “Ховар”.

 

Март 7, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои ҳидояткунанда ба рушду зиндагии шоиста мавқеи меҳварӣ доранд
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ мебошад
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад