Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Март 1, 2017 18:13

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки дар давоми 25 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтару хубтареро касб кардаанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди муомилоти иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави беҳтарсозии нишондиҳандаҳои гардиши савдои берунии байнидавлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ ва туризм, аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори робитаҳои густурдаи байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.

Сарони давлатҳо ҷиҳати гузаронидани нахустин Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия, рӯзҳои фарҳангии ду давлат дар кишварҳои ҳамдигар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, хусусан афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва робитаи пайвастаи аҳли илму эҷод ба мувофиқа расиданд.

Ҳарду ҷониб барои таҳкими муштаракоти дуҷонибаю минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва мусоидат ба раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамфикрии хешро таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Туркия ташриф оваранд. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки вақту муҳлати барои ҳарду ҷониб мувофиқи ин сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян карда хоҳад шуд.

33059870251_b0c78d89a0_z

Март 1, 2017 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон