Мулоқоти С.Аслов бо Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона Стивен О’ Брайан
ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 марти 2017 дар Қароргоҳи СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона Стивен О’ Брайан баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи Муовини Дабири кулро ба масъалаҳои офатҳои табии дар Тоҷикистон ҷойдошта, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба боришоти зиёди барф дар минтақаҳои куҳии кишвар, ҷалб намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба таври муфассал масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона ва Дафтар оид ба коҳиши хавфи офатҳои табииро дар таҳкими омодагии кишвар ба офатҳои табиӣ ва такмил додани гуруҳҳои наҷотбахш матраҳ намуданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ва дурнамои ҳамкориҳо дар пешбурд ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028″ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






