Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи лоиҳаи «Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони ҷаҳонии туристӣ

Март 14, 2017 14:28

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи кори Намоишгоҳи байналмилалии «ITB BERLIN-2017» дар Олмон Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо Директори иҷроияи барномаи «Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони ҷаҳонии туристӣ Алла Пересолова мулоқоти корӣ анҷом дод. Зимни суҳбат мавзӯи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии туристӣ ва алалхусус нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалигардонии лоиҳаи «Шоҳроҳи Абрешим» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хонума Алла Пересолова дар ҷараёни суҳбат иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳроҳи абрешими таърихӣ ҷойгоҳи хоси худро дорад, бинобар ин имрӯзҳо сохторҳои дахлдори кишварро зарур аст, ки фаъолона дар чорабиниҳои лоиҳаи «Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони ҷаҳонии туристӣ иштирок намоянд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамсуҳбаташ маълум намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол бо як гӯшаи алоҳида дар сатҳи баланд дар намоишгоҳи Берлин иштирок карда, ҳамзамон дар се гӯшаи дигар зери номи рамзии «Шоҳроҳи абрешим» бо кишварҳои минтақа якҷоя имконоту захираҳои бойи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ доранд.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор гардид.

Март 14, 2017 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад