Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо сармоягузорони араб мулоқот анҷом дод

Март 18, 2017 12:37

ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии Бахтиёр Назирмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе бо Абуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, намояндаи Палатаи савдои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷидда, Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group of Сompanies»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд.
«Бино бар сабаби он, ки нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар баррасӣ ва омӯзиш қарор дорад, мо ба шумо дар ояндаи наздик дар самтҳои сохтмон, саёҳат ва истироҷи маъдан, ки шумо мехоҳед бо мо ҳамкорӣ ва ё сармоягузорӣ намоед, маълумоти зарурӣ пешниҳод хоҳем кард»,-зикр кард Бахтиёр Назирмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва илова намуд, ки: «дар мавриди он, ки шумо мехоҳед сайёҳони Арабистони Саудӣ ба кишвари мо бештар ташриф оранд ва ё баръакс аз кишвари мо ба Арабистони Саудӣ раванд, мо ҳам омодаем дар ин самт пешниҳодҳои шуморо дар доираи қонунгузории амалкунанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳамкорӣ намоем».
Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ зикр кард, ки «ширкати мо яке аз бузургтарин ширкатҳои сайёҳӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад. Аз ин лиҳоз мо мехоҳем дар шаҳри Душанбе меҳмонхонае бунёд кунем, ки сайёҳони араб ҳангоми ба Тоҷикистон омадан дар он иқомат кунанд».
Бахтиёр Назирмадзода дар ин маврид чунин гуфт: «Алҳол мо як лоиҳаи мукаммал дар мавриди таҷдиди меҳмонхонаи «Пойтахт»-ро дар даст дорем, ки метавонем онро ба шумо пешниҳод намоем. Дар умум мо мехоҳем бо шумо ҳамкорӣ намоем ва барои оғоз намудани фаъолиятатон дар шаҳри Душанбе дар доираи қонунгузориҳои амалкунанда месодиат намоем».
«Сипосгузории худро ба Заробиддин Қосимӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мерасонам, ки барои ташрифи мо ба Тоҷикистон ва мулоқот намуан бо роҳбарони вазорату идораҳо мусоидат намуд»,- гуфт Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ.

Март 18, 2017 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд