Наврӯз ҷаҳонӣ шуд! Таҷлили иди Наврӯз дар «Боғи пойтахт»
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ барномаи наврӯзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо вуҷуди он, ки ҳаво боронист, мардум бо шодию нишоти идона вориди базмгоҳ гардида, аз барномаи фарҳангӣ, ки дар он ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик, аз қабили чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва чандин намунаҳои фарҳанги волои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик манзури тамошобинон гардидаанд, дидан менамоянд.
Абдусалим, сокини шаҳри Душанбе, ки дар ин барномаи фарҳангӣ иштирок дошт, дар бораи таҷлил намудани ҷашни Наврӯз чунин гуфт: «Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз иди Наврӯз бо тамоми арзишҳои суннатии худ эҳё гардидааст. Фикр мекунам ин орзую армони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки ҷомаи амал пӯшид».
Ёдовар мешавем, ки соли 2009 иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ба мероси башарии фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ дохил карда шуд. 19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз бо тамоми арзишҳояш эҳё гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шуд ва ҷаҳонӣ гардид.













Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






