Обрӯи аҳли дин аз хоки пои Модар аст
ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду зан офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, балки аз тамоми ҳастияш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастист. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан вожаи «Модар» аст. Пешвои миллат барҳақ дар яке аз паёмҳои табрикотии худ ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар изҳор намуда буданд: «Бо сиришти поки инсонӣ, фазилати накӯгавҳарӣ занон фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидонаву давомдор нигаҳ медоранд».
Модар! Дар умқи ин мафҳум манбаи меҳру муҳаббат, мазҳари хушгуфторию хушрафторӣ, ифодаи бузургию муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Модар зан аст. Зан олиҳаи ҳусну малоҳат буда, адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханхои меҳрбор гуфтаанд.
Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона, имрӯз занон дар корҳои ҷамъиятӣ созандагию ободонии кишвар дар баробари мардҳо меҳнат мекунанду мамлакат аз дасташон гул мекунад. Сарвари давлат фаъолияти гуногунҷабҳаи бонувонро бисёр барҷаста зикр намудаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо,
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо!
Модар олиҳаи ҳаёт дар зиндагии ҳар як шахс ба шумор меравад. Имрӯзҳо занони кишвари мо ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд ва албатта, кам нест теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ фаъолият мекунанд. Агар аз дигар зовия бингарем, дармеёбем, ки намояндагии занон дар мақомоти қудратию давлатии Тоҷикистон рӯз аз рӯз афзун гашта истодааст, ки ин аз мақоми шоиста доштани онҳо дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Занон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон соҳибҳуқуқу соҳибраъянд, зеро «истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан—модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои заруриро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд».
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи нави кӯҳна ҳама бори зан аст.
Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае, ки зан-модар нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд». Бале, модари азизи мо шамъи хонадони мост ва: «занон дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки пешбарандаи ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишот дар кишварамон мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд. Модарон ҳамчун чароғи хонавода барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму беолоиш ва пиндори шоистаи модарон фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд».
Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, шикебоӣ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстӣ меомӯзем. Пешвои миллат гуфта буданд: «Модарон меҳрафзо ва машъали тобон, бонувон хонахудои дудмон, занон идоматбахши наслу авлод ва духтарон зи ҷон маҳбубтари ҳар як хонадон ба шумор мераванд. Бонувон бо меҳри модаронаашон ба тарбияи фарзандон ва уствор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо отифият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд».
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем
Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад, модар. Оре, давлати фарзанд модар аст. Чеҳраи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса касб кардааст. Пайғамбарону анбиё ва шуаро симои воқеии ӯро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст». Шоири тавоно ва беназир Шайх Аттор ин ҳадисро дар пироҳани назм пешкаши хонандагон қарор додааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Дар байти дигар омадааст:
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи дорад ин ҷамоат, аз дуои модар аст.
Пешвои миллат дар кори тарбияи фарзандони покзамири даврони Истиқлолият ба модарони тоҷик эҳтироми махсус қоиланд: «Модарон бо насими файзи рӯзгорашон боғи маърифати моро аз навниҳолони фарҳангдӯсту адабпарвар бою ғанӣ гардонида, фарзандони солим, нури дидагони солеҳ ва ояндагони сертолеъро дар ҷамъияти мо ба воя расонида истодаанд».
Дили зеботарин дили модар мебошад. Зеро он ҷойгоҳи арзанда ва ҷовидона барои фарзанд аст. Ба қавли бузургмарде зан тоҷи офариниш аст. Қудсияти вожаи Модар дар он аст, ки маҳз ин ном дар зиёда аз 50% забонҳои ҷаҳон бо ҳарфи «М» оғоз ёфта, бо ҳам монанданд. Вале дар фарҳанги тоҷикон эҳтироми ин вожа тобишҳои истилоҳӣ ҳам дорад ва ба таъбири Пешвои миллат: «Зан-модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд. Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд».
Зери шаҳболи муҳаббатҳои ӯ гаштам калон,
Гираму бар дида молам хоки пои модарам,
Бас кашад бори гарони заҳматамро субҳу шом,
Кист он, гӯяд чӣ кардам ман барои модарам?!
Саҷҷоди МУҲАММАДШАРИФЗОДА,
мутахассиси Шуъбаи
пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон