Омӯзиши стандартҳои бонкдории исломӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Март 28, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати намояндагии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFSB) ҷиҳати гузаронидани омӯзиши чоррӯза барои кормандони низоми бонкии мамлакат дар мавзӯи «Татбиқи стандартҳои IFSB оид ба кифояти сармоя барои ташкилотҳои хизматрасонии молиявии исломӣ» ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Дар семинари мазкур Лола Салимова, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки иштироку дастгирии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ дар семинарҳои мазкур барои омӯхтани таҷрибаи хизматрасонии молиявии исломӣ ба кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд мусоидат хоҳад кард.
Дар семинар ба иштирокчиён дар бораи Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ маълумот дода, ҳамчунин меъёрҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ омӯзонида шуда, диққати мутахассисони ташкилотҳои молиявӣ баҳри татбиқи назария ба амалия ба ғояҳои асосии хизматрасонии молиявии исломӣ ҷалб карда шуданд.
Семинари мазкур асосан бо мақсади тақвияти дарку фаҳмиши мутахассисон оид ба меъёрҳои дахлдор ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи ҳамин меъёрҳо дар ташкилотҳои дахлдор заруранд ва мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба ҳангоми ҷорӣ кардани меъёрҳои дахлдори Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ ва принсипҳои асосии он ташкил карда шудааст.
Иштирокдорони семинар имкон пайдо мекунанд, ки оид ба заминаи маблағгузории исломӣ ва амалиёти бонкии исломӣ, принсипҳои асосии идораи хавфҳо барои ташкилотҳои дорои хизматрасониҳои молиявии исломӣ, принсипҳои асосии низоми идорасозӣ тибқи усулҳои исломӣ ва ғайра маълумоти мукаммал ба даст оранд. Бо хотима ёфтани даври омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокдорон, ки кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд намояндагӣ мекунанд, сертификат супорида мешавад.

Март 28, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст